Пас аз муаррифии раиси нави шаҳри Панҷакент, баъд аз зӯҳри санаи 11-уми ноябр, як гуруҳ занон барои расонидани арзи хеш пеши роҳи мошини раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро гирифтаанд.

Хабарнигори шаҳрвандии “Азия-Плюс” дар Панҷакент Хуршед Фозилов мегӯяд, ки ҳарчанд кормандони мақомоти қудратӣ пеши роҳи занонро мегирифтанд, вале бо ин вуҷуд Раҷаббой Аҳмадзода аз мошин фаромада, арзи занҳоро шунид.

Ин занҳо аз деҳаи Кабудсанги ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан будаанд, ки ба гуфтаи худашон хостори онанд, ки бинои беморхонаи пешини минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакентро барои истифодаи кӯдакистон ва ё мактаб бидиҳанд.

- Мо кӯдакистон надорем, фарзандонамонро ба боғчаҳои шаҳр мебарем. Бигузоранд мо худамон онҷоро боғча кунем. Чанд вақт шуд даво дав дорем. Аммо касе хоҳиши моро ба инобат намегирад, - гуфтанд занҳои норизо ба раиси вилояти Суғд.

Аммо сардухтури беморхонаи марказии Панҷакент Маҳмадмурод Сафаров мегӯяд, бинои беморхона дар тавозуни мо қарор дорад ва мо ният дорем шӯъбаи эндоҷарроҳиро ба онҷо кӯчонем. Зеро ин шӯъба айни замон иҷоранишин аст.

Вале раиси ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан назари дигар дорад. Эркин Тӯхтаев, раиси ҷамоати мазкур дар суҳбат гуфт: замини беморхона то ҳол дар тавозуни хоҷагии деҳқонии "Саъдулло Рӯзиев" аст.

- Мо ҳам мактуб карда будем, ки ин биноро барои кӯдакистон ба мардуми деҳаи Кабудсанг диҳанд .

Беморхонаи минтақавии дилшиносии шаҳри Панҷакент, соли 2012 бунёд ёфтааст ва он барои мардуми ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ, Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти водии Зарафшон хизмат мерасонид.

Моҳи сентябри соли равон баъди ба истифода додани бинои нави беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, шӯъбаи дилшиносии минтақавӣ ба ин бино кӯчид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.