Ин китоб бо пуштибонии Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз сӯйи нашриёти “Адиб” нашр шудааст.
Тавре ба “Азия Плюс” Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар таҳиякунада ва ношири ин китоб гуфт, “Айёре аз Хуросон” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ва 40-умин солгарди таълифи асари арзишманди достони таърихии Устод Халилуллоҳ Халилӣ ба кириллӣ баргардон шудааст. Баргардонии асарро рӯзноманигор Ҷумаъхони Сайдалӣ анҷом додааст.
Ба гуфтаи Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар ин китоб як бахши зиндагӣ ва саргузашти мардуми тоҷик дар Афғонистон дар асри гузашта аст. Баъдан дар ин китоб дар бораи зиндагии Амир Ҳабибуллохони Калаконӣ маъруф ба Бачаи Сақо, яке аз фармондеҳҳои тоҷики Афғонистон аст, ки баъди 200 соли беҳукуматии тоҷикон дар ин ҷуғрофиё ба қудрат мерасад, достонҳои ҷолибе аст.
Муҳарири ин китоб Мубашири Акбарзод аст ва он бо теъдоди 500 нусха ба чоп расидааст.
“Айёре аз Хуросон” асари машҳури шоир ва нависандаи маъруфи Афғонистон Халиллулоҳ Халилӣ аст, ки ривоятгари як насли айёрӣ дар Афғонистон аст. Ин китоб дар бораи шахсият ва ҳукуматдории нуҳмоҳаи Амир Ҳабуибуллохони Калаконӣ дар солҳои бистуми асри гузашта аст.
Ҳабибуллохони Калаконӣ яке аз чеҳраҳои пурсарусадои таърихи Афғонистон нақши муассире дар сарнавишти тоҷикони ҳар ду сӯйи Ому дорад. Баъзе аз таърихнигорон яке аз далелҳои аз тобеъияти Узбекистон берун шудани Тоҷикистони мухтор ва Ҷумҳурии Шӯравӣ шудани онро дар соли 1929 рӯйи кор омадани ҳукумати Ҳабибулои Калаконӣ дар Афғонистон медонанд.
Маросими рӯнамоии ин китоб рӯзи 4-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста