Дар Ӯзбекистон баргузории шабнишиниҳои солинавӣ барои кормандони мақомоти давлатӣ манъ карда шуд, хабар медиҳад хабаргузории Podrobno.uz бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ.
Бино ба иттилои манбаъ, ба муассисаҳои давлатӣ тавсия дода шуд, ки маблағҳоие, ки барои ин чорабиниҳо дар назар гирифта шудаанд ба рушди маориф, тандурустӣ, ятимхонаҳо ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ равона кунанд.
«Ҷолиб аст, ки манъкунӣ баргузории чорабиниҳои идона дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ки бо иштироки 30 нафар бо риояи қатъии талаботи санитарӣ баргузор мегарданд, дахл надорад», - менависад манбаъ.
Инчунин, бо қарори комиссияи махсус дар биноҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳои миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки мактаббачагон, хонандагон ва донишҷӯён ташкил ва гузаронидани ҷашнҳои гуногун манъ аст.
«Аз сокинони Ӯзбекистон даъват ба амал оварда шуд, ки Соли навро дар ҳалқаи оила ҷашн бигиранд»- гуфта мешавад дар қарор.
Нишасти Арчаи анъанавии солинавии президентӣ-кӯдакон, имсол танҳо барои кӯдакони ятимхонаҳо баргузор мешавад. Ҳамзамон, дар марказҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ арчаҳои солинавӣ танҳо дар фазои кушод насб карда мешаванд.
Инчунин, ба мақомоти масъул супориш дода шуд, ки назоратро аз болои риояи қатъии маҳдудиятҳои карантинӣ дар тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯрокворӣ (масофаи иҷтимоӣ ҳангоми ҷойгиркунии муштариён, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, тӯйҳо ва маросимҳои оилавӣ барои на зиёда аз 30 нафар, инчунин безарагардонӣ бо маводи зиддиуфунӣ пурзӯр кунанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон низ бинобар бемории коронавирус Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ба сокинон тавсия дода аст, ки соли навро дар канори оила ҷашн бигиранд ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои солинавӣ манъ гардид. Инчунин насб гардидани арчаи солинавӣ дар маркази пойтахт низ манъ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста