Саттор Худойбердиев, ҷуғрофишиноси маъруф, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ки дирӯз дар синни 82-солагӣ даргузашта буд, имрӯз, соати 10 дар зодгоҳаш, деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ба хок супорида шуд.
Дар маросими видоъ ва дафни ӯ раҳбарммяи ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, шогирдон ва пайвандону наздикони марҳум иштирок карданд. Дар ин бора ба “Азия плюс” яке аз наздикони марҳум хабар дод.
“Рӯзи гузашта баъд аз нисфирӯзӣ устод аз олам даргузаштанд. Солҳои охир дар хона бознишаста буданд ва бемории “инсулт” доштанд”, - мегӯянд Ихтиёр Худойбердиев, фарзанди Саттор Худойбердиев.
Саттор Худойбердиев дар баробари он ки як донишманди саршиноси ҷуғрофиё дар Тоҷикистон буд, бештар бо иқдомҳои инфиродияш низ маъруф буд. Аз ҷумла ӯ дар се мактаби зодгоҳаш барои хонандагони шоиста аз пули шахсии худаш стипендия таъсис дода буд.

Марҳум муаллифи 50 китоб, аз ҷумла "Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон", “Географияи Тоҷикистон", "Вилояти Суғд ба 1000 савол ҷавоб", "Оё Шумо шаҳри Хуҷандро медонед?", "Аввалин китоби география дар Тоҷикистон" ва мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ буд.
Саттор Худойбердиев 30-юми марти соли 1939 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна, соли 1964 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (он замон Институти давлатии педагогии Ленинобод)-ро хатм карда буд.
Корро аз муаллимӣ дар мактаби миёна оғоз карда, аз соли 1967 дар факултаи табиатшиносию ҷуғрофиёи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома додааст.
Соли 1975 коромӯз-тадқиқотчии Институти педагогии шаҳри Санкт-Петербург ба номи Гертсен буд. Баъдан ба ҳайси дотсенти кафедраи ҷуғрофияи иқтисодӣ ва соли 2010 ҳамчун профессор, мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда буд. Ҳамчунин дар донишгоҳҳои дигари шаҳри Хуҷанд низ ба сифати профессор ба тадриси донишҷӯён машғул буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста