Ҳудуди шаҳри Панҷакенти виллояти Суғд як баробар васеъ шудааст. Дар ин бора сармеъмори шаҳри Панҷакент Зафар Шарифзод ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи сармеъмор, бар асоси нақшаи генералии соли 1984, масоҳати шаҳри Панҷакент ба истиснои деҳот, 659 ҳекторро ташкил медод ва соли 2017 нақшаи кулли шаҳр омода ва тасдиқ шуд, ки аз рӯи он масоҳати шаҳр ба 2833 ҳектор расидааст.
Як қисми ҷамоати деҳоти Хурмӣ ва қисмате аз ҷамоати Халифа Ҳасану Чинор ҳам ба шаҳр ҳамроҳ карда шуданд, - гуфт Зафар Шарифзода.
Вале то ба ҳол, бино ба маълумоти сармеъмор нақшаи муфассал омода нашудааст ва айни замон Институти лоиҳакашии «Шаҳрофар», онро тартиб дода истодааст. Яъне танҳо сарҳади шаҳр муайян шудаасту, аммо то ба ҳол дар ҳуҷҷатгузориҳо деҳоти ба шаҳр ҳамроҳшуда, дар қайди ҷамоатҳо боқӣ мондаанд.
Шаҳри Панҷакент дар қисмати шимолу ғарбии Тоҷикистон ҷойгир буда, беш аз 306 000 аҳолӣ дошта, аз 14 ҷамоату деҳот ва 18 маҳаллаи шаҳрӣ иборат аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста