Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар як суҳбати телефонӣ масъалаи даргириҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қирғизистон хабар додааст, ки ин суҳбати телефони бо ибтикори ҷониби Русия сурат гирифтааст, ки дар баробари табрики якдигар ба ифтихори солгарди рӯзи Ғалабаи Шӯравӣ бар фашизми Олмон, сарони Русияву Қирғизистон ҳамчунин даргириҳои марзиро низ ба баҳс кашидаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, "Владимир Путин гуфт, Русия омодааст, ки барои рафъи оқибатҳои муноқишаи марзӣ ба Қирғизистон кумак кунад".
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навиштааст, Содир Ҷабборов дар охири моҳи май бо сафари корӣ ба Маскав меравад ва дар он ҷо "масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё, инчунин, таъмини амнияти минтақа" баррасӣ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми май дар Маскав вохӯрда, дар бораи "рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон" низ суҳбат карданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Душанбе масоили марзиро бо Қирғизистон танҳо бо роҳи музокирот ҳал хоҳад кард.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқиша айбдор мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста