Ба ифтихори 75-умин солгарди зодрӯзи донишманд ва ҳунарманди варзидаи тоҷик, шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, фарзандон ва наздикону шогирдонаш дар оромгоҳи Лучоб мақбараи ӯро бозкушоӣ карданд.
Дар маросими бозкушоии мақбари ҳунарманд ва донишманди фақид, гуруҳе аз шоирону нависандагон, донишмандон, ҳунармандон ва шогирдону пайравони мактаби илмиву ҳунарии эшон ҳузур доштанд.
Писари шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, Шаҳриёр Назриев дар ин маросим аз падари марҳумаш ёд карда гуфт, ки "барои поси хотири он кас мо пайванди падарро бо бародарону дӯстон ва шогирдони қадрдонашон мекӯшем канда накардаву қавитар созем".
Ӯ гуфт, бо ба далели шароити беҳдоштӣ мо натавонистем ҳамаи ёру дӯстони падарамонро бар сари мақбараашон даъват кунем, аммо боз ҳам ихлосмандонашон маросими гарм бунёд карданд.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз ҷанбаҳои гуногуни кору пайкори Ҷӯрабек Назрӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки тадқиқот эшон дар адабиётшиносии муосир комилан чизи нав буд.
- Рисолаи “Мактабии Шерозӣ ва достони “Лайливу Маҷнун”-и ӯ” дар адабиётшиносии тоҷик бо вазну ранги нав таълиф гардида буд, ки куллан навоварӣ буд ва мо онро бо шавқ мутолиа менамудем.
Овозхони шинохта ва аз пайравони мактаби шодравон Ҷӯрабек Назрӣ, Қурбоналӣ Раҳмон дар мавриди пайравии худ ва дигар шогирдони мактаби устодаш сухан кард ва ин мактабро як мактаби марзшикан ном бурд, ки дар паҳнои олами форсзабонон маъруфият дошт.
Ӯ ҳамчунин аз дӯстии инфиродии устодаш бо ҳунарманди маъруфи Шарқ Аҳмад Зоҳир ёдовар шуд ва инро як нуқтаи атфе дар равобити ҳунарии Тоҷикистону Афғонистон маънидод кард.
Ҷӯрабек Назрӣ рӯзи 24-уми майи соли гузашта дар 74-солагӣ даргузашт. Ӯ фориғуттаҳсили риштаи забону адаби Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро буд, ки дар мавзӯи ҷойгоҳ ва мақоми Мактабии Шерозӣ дар адабиёти форсу тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ карда буд. Чандин сол раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Се соли ахир мудири Маркази мероси хаттӣ буд. Ӯ баъди дифои рисолаи докторӣ, чанд сол пеш ба узвияти вобаста (аъзо-корреспондент)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пазируфта шуда буд.
Муддате ҳам дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору зиндагӣ кардааст. Аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди маъруфи Афғонистон будааст. Бар изофаи корҳои илмиву тадқиқотӣ яке аз овозхонҳои шинохтаи кишвар буд. Ба қавли ҳунарманди шинохта Ҷӯрабеки Мурод, "дар як китфаш ҳунар ва дар китфи дигараш илм ҷавонмардона ва тоҷикона илму ҳунарро пеш мебурд".
Дар маросими бозкушоии мақбараи овозхон ва донишманди фақид, фарҳангиёну алоқамандони дигари ҳунари ӯ, аз эшон ба унвони як фидоии илму фарҳанг ва худшиносии тоҷик ном бурданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста