Интишороти "Бураго"-и шаҳри Киеви Укроин китоби шоир ва ҳойкусарои тоҷик Бахтиёр Аминиро бо номи "В каждой точке многоточие" (Ҳар як нуқта боз нуқтаҳое дорад) бо забони русӣ чоп кардааст. Дар ин бора худи Бахтиёр Аминӣ хабар дод.
Ба гуфтаи муаллиф, бо такя ба он ки ҳойку мавзӯи мушаххасро дар бар намегирад, китоб низ аз мавзӯҳои мухталиф иборат буда, он дар жанри ҳойку гуфта шудааст.
Шоири тоҷик Бахтиёр Аминӣ, ки ҳоло дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, ғолиби чандин озмунҳои байналмилалии ҳойкусароӣ буда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Русияи ҷанубӣ ва узви Ассотсиатсияи ҳойкусароёни Ҷопон, Амрико ва Бритониё мебошад.

Китоби аввалини Бахтиёр Аминӣ бо номи "Никоҳи нигоҳ" соли 1994 бо забони тоҷикӣ ба нашр расид. Баъдан навиштаҳои шоир бо номи "Ба дунболи чашмҳо" соли 2012 (бо забони тоҷикӣ), "Твоя модная улыбка", соли 2015 бо забони русӣ дар Одессаи Укроин, "Carrying Sunrays" соли 2020 дар Америка бо забони инглисӣ ва "Вкус отражения" соли 2020 дар Москва бо забони русӣ мунташир шудааст.
Дар ҳоли ҳозир Бахтиёр Аминӣ яке аз шоирони муваффақи ҳойкусарои тоҷик аст, ки дар доираҳо ва анҷуманҳои ҳойкусароии ҷаҳон маъруф аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста