Беш аз 1000 паноҳандае, ки аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба ВМКБ Тоҷикистон фирор карда буданд, дар маконҳои амн ҷо ба ҷо карда шудаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси ВМКБ иттилоъ дод, бештари паноҳандагонро занону кӯдакон ва пиронсолон ташкил медиҳанд.
Ниятбеков гуфт, ки паноҳандагон дар ҷойи амн қарор доранд, вале ба хотири амният ҷойи нигаҳдории муввақатии онҳоро зикр намекунанд.
Ӯ ҳамзамон изҳор кард, ки созмонҳои ғайридавлатӣ барои қабули паноҳандагони Афғонистон аз ҳукумати Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кардаанд.
«Барои паноҳандагон, ҷониби Тоҷикистон тамоми шароитро муҳаё кардааст ва онҳо дар ҷойи бехатар мебошанд», -гуфт Ниятбеков.
Сухангӯи ҳукумати ВМКБ ҳамчунин гуфт, ки мавзуъи фирориён дар дидори дирӯзаи раиси вилоят Ёдгор Файзов бо роҳбарии Комисарияти олии СММ дар умури гурезаҳо дар Тоҷикистон, масъулини Идораи СММ дар умури амният, дафтари ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон ва раҳбарияти Хадамоти Оқохон дар бахши макони зистро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот таъкид шудааст, ки “қабули гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бахусус низомиёни мусаллаҳ дар як шароити мутташаниҷи минтақа, мушкилотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии КОВИД 19 худ як мисоли барҷастаи обрӯ ва масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст”.
Ҳамзамон Ёдгор Файзов гуфтааст, ки “мақомоти вилоят бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳоли кор бурда истода, паноҳбурдагонро бо хӯрок, ҷойи хоб, хадамоти тиббӣ ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодаанд».
Намояндагони созмонҳои баналмилалӣ дар мулоқот изҳор кардаанд, ки Тоҷикистонро дар ин амри хайр ҳимоят мекунанд.
Аммо дар ҳоли ҳозир мақомоти ВМКБ ба далоили амнияти аз шумораи умумии паноҳандагони Афғонистон худдорӣ мекунанд. То ин вақт танҳо аз фирори низомиёни Афғонистон аз дасти гуруҳи “Толибон” гуфта мешуд, бори аввал аст, ки аз вуҷуди занону кӯдакону пиронсолон низ хабар дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ёдгор Файзов раиси ВМКБ гуфта буд, ки «ноамниҳои Афғонистон моро водор мекунад, ки масъалаи суботи дохилиро ҷиддӣ бигирем ва марзу буми хешро ҳимоя кунем». Ҳамчунин Файзов аз эҳтимоли пазируфтани паноҳандаҳои ҷониби ҳамсоя, дар сурати бадтар шудани авзои амниятии вилояти ҳаммарз низ ҳушдор дода буд.
Файзов дар суҳбати телефони ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки дар ҳолати вахим шудани вазъияти сокинони ҳамсояи он сӯйи марз, омодаанд паноҳдиҳандагонро қабул намоянд.
«Албатта, дар сурате, ки агар онҳо ба ин эҳтиёҷ дошта бошанд. Яъне дар ҳама ҳолат ҳамсояи худро бояд дар рӯзҳои вазнин дастгирӣ намуд. Чун бубинед, даврони ҷанги шаҳрвандӣ ин мардум паноҳандагони моро пазируфтанд ва имрӯз мо низ ба онҳо дасти кӯмак мерасонем. Ҳоло бо имконоти иқтисодиву сиёсиамон омодаем беш аз 10 ҳазор паҳонадагони бародарони афғонро бипазирем ва онҳоро дар ҷойи амн нигоҳубин намоем».
Бояд гуфт, ки маркази матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон рӯзи 5 июл хабар дода буд, ки дар натиҷаи муқовиматҳои мусаллаҳона бо «Толибон», 1037 нафар низомии қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, тавассути минтақаҳои сарҳадии «Шоҳон»-и ноҳияи Ш.Шоҳин (104 нафар), “Рузвай”-и ноҳияи Дарвоз (213 нафар), “Нулванд”-и ноҳияи Дарвоз (83 нафар), “Хумроғӣ”-и ноҳияи Ванҷ (173 нафар), “Тем”-и шаҳри Хоруғ (312 нафар), “Ишкошим”(102 нафар) ва “Лангар”-и ноҳияи Ишкошим (50 нафар) вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.
Ҳоло маълум нест, ки ин низомиён ҳанӯз дар Тоҷикистонанд ё дигарбора ба Афғонистон баргаштанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста