Президенти ИМА Ҷо Байден имрӯз, панҷшанбеи 30 декабр бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба расонаҳои амрикоӣ хабар медиҳад.
Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба Шӯрои амнияти миллии ИМА хабар медиҳанд, ки ин гуфтугӯро президенти Русия дархост кардааст. Эмил Хорн, раиси Шӯрои амнияти миллии ИМА гуфта, Байден ба гуфтугӯ розигӣ додааст, зеро "ба ин бовар аст, ки вақте қазия ба Русия рабт мегирад, гуфтугӯи мустақими ду роҳбарро чизи дигаре наметавонад, иваз кунад".
Рӯзи 17 декабр мақомоти Русия ду тарҳро дар мавриди кафолати бехатарӣ муаррифӣ карданд. Яке ба НАТО ирсол шудааст, дигарӣ ба ИМА. Талаби асосии Москва - даст кашидани НАТО аз густариш дар Шарқ, мушаххасан қабули аъзои нав аз ҳисоби кишварҳои пешини шӯравӣ ва насбу ҷо додани пойгоҳҳои низомӣ дар ҳудуди онҳо.
Москва талаби кафолатро дар ҳоле мекунад, ки муносибатҳояш бо Ғарб якбора шиддат гирифтаанд. Ғарб мақомоти Русияро дар омодагӣ ба ҳамла ба Украина ва ҷо додани неру дар марз бо ин кишвар айбдор мекунанд. Мақомоти ИМА гуфтанд, дар сурати ҳамлаи нави Русия ба истиқлоли Украина Москва ба таҳримҳои бесобиқа рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, ҳукумати Байден гуфт, омодаи гуфтугӯ бо Русия ҳаст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста