Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, хабаргузории “Азия -Плюс”-ро ба унвони яке аз беҳтарин расонаҳои мубаллиғи ҷавонон ва варзиш дар соли 2021 эълон кард.
“Азия - Плюс” дар ин бахш дар баробари расонаҳои дигар ин ҷоизаро дарёфт кардааст.
Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 дирӯз, 5 январи соли 2022 баргузор гардид.
Идораи барномањои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии "Телевизиони Тоҷикистон", Идораи ҷавонӣ, зебоӣ ва варзиши Телевизиони "Сафина", Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони ""Ҷаҳоннамо", Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони "Синамо", Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Телевизиони "Душанбе", Радиои Тоҷикистон ва хабаргузории давлатии “Ховар” низ ин ҷоизаи Кумитаи ҷавононро соҳиб шуданд.
Дар баробари номинатсияи “Беҳтарин муассисаи тарғиботи дар соли 2021”, Кумитаи ҷавонон, ҳамчунин, «Беҳтарин Бахши кор бо ҷавонон дар соли 2021», «Беҳтарин волонтёр дар соли 2021», «30 ҷавони муваффақ дар соли 2021», “Беҳтарин маркази ҷавонон” ва ғолибони стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, озмуни ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, техника, технология ва навоварӣ (инноватсия) дар соли 2021 ва озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022-ро муайян кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста