Додгоҳи Олӣ як сокини ноҳияи Ҳисорро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як хабарнома хабар медиҳад.
Додситонӣ аз ин мард Нозирҷон Саминов, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ном бурда, гуфтааст, ки алайҳи ӯ бо моддаи138, қисми 3, банди “а” -и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд.
Ин ҳодиса аз сӯйи додситонии шаҳри Ҳисор таҳқиқ шуда, ҳукмро додгоҳи Олӣ содир кардааст.
Дар хабарнома мешавад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ муайян карда шудааст, ки «Нозимҷон Саминов, санаи 21 сентябри соли 2021 тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматиаш, духтари ноболиғи бародараш “С”-ро, ки падару модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, фарзанди ноболиғашонро таҳти парастории ӯ гузошта буданд, аз ҳолати оҷизии ноболиғ истифода намуда, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст».
Саминов, акнун бар асоси ҳукми Додгоҳи Олӣ 20 солро дар зиндони дорои низоми шадид пушти сар мекунад. Тафсилоти дигари ин қазия ҳоло барои расонаҳо дастрас нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста