Тобистони имсол, 21 нафар мактабхонҳои яке аз литсейҳои вилояти Суғд дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии "Teeneagle", ки дар шаҳри Лондони Бритониё баргузор мешавад ширкат мекунанд. Дар ин олимпиада 30 ҳазор хонанда аз зиёда аз 90 кишвари дунё ҳузурӣ иштирок хоҳанд кард, ки ғолибони мақоми якум, дуюм ва сеюм тибқи низомнома имкони таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англияро пайдо мекунанд.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд даври ниҳоии "Teeneagle" аз фанни забони англисӣ аз 31-уми июл то 7 августи имсол дар Лондон доир мешавад.
Дар даври интихоботии ин озмун, ки онлайнӣ сурат гирифт 21 нафар мактабхони синфҳои 7-11-и “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд” 1 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ ба даст оварда ба даври ниҳоии ин олимпиадаи бонуфуз роҳхат гирифтаанд.
“Даври ниҳоии дар Донишгоҳи Брунели Лондон баргузор гардида, ғолибони мақоми аввал, дуюм ва сеюм тибқи низомномаи озмун баро таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия ҳуқуқ пайдо мекунанд”.-хабар медиҳад, Хадамоти матбуоти раиси Суғд.
Манбаъ мегӯяд, толибилмони “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд” давоми шаш моҳи таҳсили соли 2021-2022 дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Итолиё, Чин, Англия, Олмон, Туркия, Таиланд, Русия, Мексика ва Фаронса ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат карда, соҳиби 212 медал аз ҷумла 81 тилло, 57 нуқра ва 74 биринҷӣ гардиданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста