“Тоҷикфилм” тасмим дорад ба ифтихори ҷашни Наврӯз Ҷашнвораи синамоии ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор намояд. Дар ин бора Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар сафҳаи расмияш дар Фейсбук хабар додааст.
Як манбаъ аз “Тоҷикфилм” гуфт, ки қарор аст, ин ҷашнвора дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳамзамон бо “Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон”, “Рӯзҳои кинои Белорус” ва нишасти Шӯрои раҳбарони киностудияҳои кишварҳои узви ИДМ ва Гурҷистон баргузор шавад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, баргузории ҷашнвораи мазкур дар доираи "Барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022" сурат мегирад.
“Мо барои баргузории Ҷашнвораи ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ба Ҳукумати кишвар чанде пеш мактуб ирсол намудем, ки посухи онро то ҳол интизорем", - гуфт манбаъ.
Ӯ афзуд, дар сурати ҳамоҳанг нашудани ин иқдом эҳтимол аст он дар моҳи май гузаронида шавад.
Гуфта мешавад, ҷашнвораи ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар 12 бахш сурат гирифта, филмҳои кӯтоҳу баланди ҳунарӣ, мустанад ва тасвириро фаро хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки “Тоҷикфилм” ният дошт, дар соли 2020 Ҷашнвораи якуми байналмилалии “Душанбе”-ро баргузор намояд, аммо ба далели пандемияи “Covid-19” барпо нашуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста