Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар як амалиёти вижа кормандони ин ниҳод Меҳринисо Раҳимова, раиси Раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлобро бо гумони дарёфти ришва боздошт кардаанд.
Дар Маркази матбуоти Оҷонсӣ дар хабарномае, нашр кардааст, овардааст, ки Раҳимова ҳангоми гирифтани 17 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Оҷонсӣ хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки Раҳимова барои вобаста намудани нуқтаи савдо ба шаҳрванд “А” аз ӯ 27 ҳазор сомонӣ талаб намуда, зимни гирифтани 17 ҳазор сомонии боқимонда аз ҷониби кормандони Оҷонсӣ дастгир ва маблағи мазкур ҳамчун далел аз ӯ гирифта шуд.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати Меҳринисо Раҳимова бо моддаи 279 қисми 3 (ришвадиҳии тиҷоратӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.
Дар сурати тасдиқи гуноҳ дар асоси ин модда, Руҳимоваро ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 15 ҳазору 200 то 96 ҳазор сомонӣ) ё то ду соли ҳабс таҳдид мекунад.
Давоми моҳи март ин севвумин ҳолати бо пора ба даст афтодани кормандони давлатӣ мебошад, ки Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вале дар ҳоли ҳозир назари Меҳринисо Раҳимова ва наздикони ӯ дастрас нест.
Бино ба навиштаи торнамои маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон", Меҳриннисо Раҳимова 21 апрели соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи савдои техникуми савдои шаҳри Душанбе ва риштаи байтории Коллеҷи хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон будааст.
Ҳамчунин риштаи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро низ хатм кардааст. То таъин шудан ба вазифаи раисии Раёсати ҷамъияти "Матлубот"-и шаҳри Кӯлоб дар соли 2012, мудири ташхисгоҳи бозори Саховати шаҳри Кӯлоб будааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста