Омина Худойқулова як мактабхони 14-сола аз ноҳияи Восеъ дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гшудааст.
Омина хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ буда, дар даври ниҳоии олимпиада, ки аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар донишгоҳи «Брунел» — и шаҳри Лондони Бритониёи Кабир баргузор мегардад, ширкат хоҳад кард.
Хабаргузории давлатии «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳадаф аз баргузории олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, ширкаткунандагоне, ки дар ҳама даврҳои ин олимпиада ғолиб омадаанд, тибқи низомномаи озмун метавонанд барои таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат бигиранд.
Бояд гуфт, ки олимпиадаи Teeneagle ONLINE рӯзи 26-уми марти соли равон тариқи фосилавӣ баргузор гардида буд ва ин хонандаи тоҷик мақоми аввалро ба даст овардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста