Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, имрӯз 12-уми апрел дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара мулоқот карданд. Мақомот мегӯяд, мавзуи меҳварии ин мулоқот марбут ба захираҳои обёрӣ дар минтақаҳои марзӣ ва ташкили гуруҳи корӣ буд.
Дар ин мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамроҳи ҳайате аз роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ аз ҷониби Тоҷикистон бо намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон ва ҳамзамон раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев дидору гуфтугуй кардааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ҷонибҳо дар ин мулоқот хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирии муноқишаҳо ва ҳолатҳои ба муноқишаҳо сабабшаванда таъкид кардаанд. Ҳайати ду ҷониб гуфтаанд, мардумони ду кишвар асрҳо инҷониб дар канори ҳам зиндагӣ доранд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ минбаъд низ риоя карда шавад.
“Гуфта шуд, ки таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар ҳарду тараф низ масъалаи асосӣ буда, бояд ҷонибҳо дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ фаъолият намоянд. Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба масъалаи истифода аз захираҳои обӣ дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо ва роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гуруҳи корӣ ташкил шуда, масъалаҳои мавҷуда дар ин самтро баррасӣ ва якҷо ҳал созанд”.

Ҷузъиёти дигари ин мулоқот то ҳол дастрас нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста