Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд дар робита ба сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят бо интишори эъломе гуфтааст, аз 15 то 17-уми апрел роҳу кӯчаҳои чанд шаҳру ноҳияҳои Суғд муваққатан баста мешавад.
Субҳи имрӯз, 14-уми апрел сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд ва дар назар аст дар идомаи ин сафар ба шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров бираванд.
Ба иттилои БДА-и вилояти Суғд, дар робита ба ин сафар санаи 15-уми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Деҳмой-Конибодом, ҳудуди ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ҳудуди ҷамоати Деҳмой ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи марказии Сартӯқайи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаҳои Р.Ҳоҷиев, И.Сомонӣ, Р.Ҷалил, Сирдарё ва Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон муваққатан баста мешавад.
Инчунин рӯзи 16-уми апрел кӯчаҳои марказии ҷамоатҳои Понғоз, Ашт, кӯчаи И.Сомонӣ ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ва 17-уми апрел кӯчаҳои марказии шаҳри Исфара.
Бозрасӣ аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзъҳои болозикр ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста