Афғонистон зери ҳокимияти "Толибон" имрӯз шоҳиди чаҳор инфиҷор дар вилоятҳои Кобул, Балх, Кундуз ва Нангарҳор буд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ инфиҷори нахуст дар минтақаи Чаҳороҳаи Қамбари шаҳри Кобул рух дод.
Вазорати дохилаи Толибон мегӯяд, ки ду кӯдак дар натиҷаи ин инфиҷор захми сабук бардоштанд. Ба гуфтаи ин вазорат, ин инфиҷор аз минае будааст, ки дар як гулдони канори роҳ ҷосозишуда будааст.
Ҳамчунин бархе расонаҳои дигари Афғонистон аз рух додани як инфиҷор дар масҷиди Седукони Мазори Шариф, дар масҷиди шиаён хабар додаанд.
Ба иттилои расонаҳо ин инфиҷор ҳангоми адои намоз дар ин масҷид рух додааст. Гуфта мешавад, ки то кунун 15 кушта ва беш аз 60 захмӣ ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки теъдоде аз бошандагони шаҳри Мазори Шариф барои додани хун ба захмиён ҳамла ба масҷиди Седукон, ба бемористони Абу Алӣ Синои Балхии ин шаҳр рафтаанд.
Ҳамчунин имрӯз як инфиҷори дигар дар наздикии сари давраи шаҳри Кундуз рух додааст, ки то кунун маълумоте дар мавриди талафот ва хисороти ин ҳодиса нашр нашудааст. Манбаъҳои “Омоҷнеюс” гуфтаанд, ки ин инфиҷор дар як мошин рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ин инфиҷор замоне рух додааст, ки барои бенавоён маводи ғизоӣ тақим мешуд. Бархе манбаъҳо шумораи кушташудаҳо дар инфиҷори Кундузро 3 нафар гуфтаанд.

Ҳамчунин “Омоҷнеюс” хабар медиҳад, ки масъулони маҳаллии Толибон дар вилояти Нангарҳор гуфтаанд, ки дар натиҷаи инфиҷори минаи канори роҳ дар вулусволии Хугиёни ин вилоят, ки мошине аз Толибонро ҳадаф қарор додааст, чаҳор неруи онҳо кушта ва як нафар захмӣ шудааст.
Толибон то кунун дар мавриди инфиҷорҳои Мазори Шариф ва Кундуз чизе нагуфтаанд.
Рух додани ин инфиҷорҳо дар ҳолест, ки ду рӯз пеш инфиҷорҳои маргборе дар маркази омӯзишии "Мумтоз" ва мактаби "Абдулраҳим Шаҳид" дар ғарби Кобул, ки рух дода буд, ки дар ин минтақа умдатар мардуми ҳазора зиндагӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Тибқи маълумоте, ки то кунун ироа шудааст дар натиҷаи ин инфиҷорҳо беш аз 100 донишомӯз ҷон бохтаанд. Оморе, ки Толибон то кунун напазируфтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста