Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафар бо даъвати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад, хабар медиҳад Синьхуа.
Гуфта мешавад, инчунин боздиди Ван И аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар назар аст.
Дар Ӯзбекистон ӯ рӯзҳои 28-29 июл дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунад.
Сафарҳои Ван И ба ин кишварҳо низ бо даъвати иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев анҷом мепазирад.
Аз ҷузъиёти сафари вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ маълумот дода нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста