Женишбек Талгарбеков, вакили порлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки бархе аз имтиёзҳои ду президенти пешин - Сооронбой Жээнбеков ва Роза Отунбоева бекор карда шаванд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии 24.kg иттилоъ медиҳад.
Дар лоиҳаи қонуне, ки ин вакил таҳия кардааст, омадааст, маблағгузории муҳофизати давлатӣ ва ҳаққи истифодаи хадамоти комуналии ду президенти пешин бекор гардад. Вакил ҳамчунин пешниҳод кардааст, президентҳои пешин аз истифодаи истироҳатгоҳ ё "дача"-ҳои давлатӣ ва хадамоти алоқа маҳрум гарданд. Вай барои намуна, аз Туркия ва Куриёи Ҷанубӣ мисол овардааст, ки онҳо президентҳои пешин чунин имтиёзе надоранд.
Сооронбой Жээнбеков ва Роза Отунбоева дар Қирғизистон мақоми президенти пешинро доранд. Ба онҳо муҳофизати якумрии давлатӣ, истифодаи истироҳатгоҳи давлатӣ, пардохти 75 дарсади маоши замони президентӣ, инчунин истифодаи ройгони алоқаи мобилӣ дода шудааст.
Пештар як гуруҳ аз фаъолони Қирғизистон бо ҷамъоварии имзо талош доштанд, ки ду президентро аз мақоми президенти пешин маҳрум кунанд.
Ин дар ҳолест, ки президентҳои дигари Қирғизистон - Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев ва Алмосбек Отамбоев мақоми президенти пешинро надоранд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста