29 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ориф Алвӣ, Президенти Покистон вобаста ба ҳалокати одамони зиёд бар асари офатҳои табиӣ, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад, ки “хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир боиси андӯҳи бепоёни мо гардид”.
Дар робита ба ин, Эмомалӣ Раҳмон ба Ориф Алвӣ, аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз намудааст.
Дар охир, Президенти Тоҷикистон аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хостааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Покистон, аз моҳи июни имсол то 28-уми август дар натиҷаи омадани селу обхезиҳо 1061 кас ҷон бохтанд.
Ҳамчунин, дар пайи офатҳои табиӣ беш аз 33 миллион нафари дигар бе ҷо шуда, тақрибан як миллион хона вайрон гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста