Се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марбут аст.
Мардуми Тоҷикистон 3 рӯз – 9, 10 ва 11 – уми сентябр истироҳат мекунанд, вале донишҷӯён ва хонандагони синфҳои 5 то 11 рӯзи 10 сентябр ба дарс мераванд. Дар ин бора Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон марбут аст.
“Ид ба рӯзи корӣ рост меояд, яъне 9 –уми снетябр пурра дар кишвар истироҳат аст. Нафароне, ки ҳафтаи 5 рӯзаи корӣ доранд, шанбе ва якшанбе истироҳат мекунанд ва онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, рӯзи шанбе корӣ аст”,- гуфт Неъматзода.
Маликшо Неъматзода афзуд, рӯзи 10 сентябр барои донишҷӯёну хонандагони синфҳои 5-11 истироҳатӣ нест ва онҳо ба таври маъмулӣ бояд ба дарс раванд.
Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат – рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар низ истироҳат эълон мешавад.
“Дар ҳолати имсола рӯзи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба рӯзи ҷумъа-корӣ рост омад ва танҳо худи рӯзи ҷашн истироҳатӣ асту халос”, - гуфт раиси Иттифоқҳои касаба.
Аз Вазорати маориф ва илм ҳам тасдиқ карданд, ки рӯзи 10 сентбяр барои донишҷӯён ва хонандагон синфҳои болоии 5-11 дарсӣ аст ва онҳо бояд ба дарс ҳозир шаванд.
Рӯзи 9 сентябр дар Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҷлил карда мешавад ва мутобиқи қонунгузорӣ ин рӯз дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонун дар бораи рӯзҳои ид, соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 70 идҳои гуногун бо шумули идҳои байнулмилаливу касбӣ, давлатӣ ва динӣ ҷашн гирифта мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста