Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон зимни суханронии фосилавии хеш дар ҷаласаи ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) аз давлатҳои Озарбойҷону Арманистон даъват намуд, ки ҷангро қатъ карда, роҳи ҳалли дипломатии ихтилофро ҷустуҷӯ намоянд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Бино бар навиштаи ин хабаргузорӣ, сарвазири мамлакат изҳори итминон кардааст, ки ягона роҳи таъмини сулҳу субот дар минтақа - ин истифодаи муассир аз воситаҳои муколама дар асоси санадҳои қабулгардида мебошад.
“Муҳим аст, ки ба ташаннуҷи минбаъдаи вазъият роҳ дода нашавад ва ҷонибҳо ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилотро ба маҷрои сиёсиву дипломатӣ баргардонанд”, - иброз доштааст Қоҳир Расулзода.
Гуфтан ҷоиз аст, ки шоми дирӯз, 13-уми сентябр бо дархости Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ва дар як вақт, раиси феълии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ҷаласаи ғайринавбатии ин Шӯро дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи мазкур, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 12-ум ба 13-уми сентябр миёни Озарбойҷону Арманистон дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ низои мусаллаҳона оғоз шуда, ҳар ду ҷониб ҳамдигарро барои иғвоангезӣ муттаҳам карданд.
Бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона, аз ҳарду ҷониб, ҳудуди 100 нафар кушта шудаву садҳо нафари дигар захм бардоштаанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ихтилофи Озарбойҷон ва Арманистон сари масъалаи Қаробоғи Кӯҳи беш аз 30 сол шуд, ки идома дорад ва сари чанд вақт ба низоҳои мусаллаҳона мепечад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста