Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, бо судури як фармон полковник Мирзо Маҳмадиро сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд таъйин намуд. Иттилои мазкурро ба “Asia-Plus” Сироҷиддин Нуров, сардори шӯъбаи кадри Вазорати адлияи Тоҷикистон таъйид намуд.
Тибки иттилои дастрасгардида, полковник Мирзо Маҳмадӣ дар ин мақом полковник Иброҳим Солеҳзодаро иваз намуд. Иброҳим Солеҳзода то барканориаш дар вазифаи сардори идораи зиндонҳои вилояти Суғд ҳудуди 10 сол кор кардааст.
Мирзо Маҳмадӣ бошад, то имрӯз дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ кор мекард.
Гуфта мешавад, ки сардори нави зиндонҳои вилояти Суғдро генерал Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия муаррифӣ намудааст.
Тағйироти кадрӣ дар сохтори зиндонҳои кишвар замоне сурат мегирад, ки чанде пештар расонаҳо дар бораи фирори як маҳбус аз боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе иттилоъ дода буданд. То ҳол тақдири ин маҳбус номаълум аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста