Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ доир намуд. Дар ин бора сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зикр карда мешавад, ки “дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи мубрами муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегиро мавриди муҳокима қарор доданд”.
“Вобаста ба вазъ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баамаломада масъалаҳои рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ низ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт”, - гуфта мешавад дар хабари сомонаи президент.
Ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, баррасӣ гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи расмии Президенти Русия хабар медиҳад, ки худи ҳамон рӯз Владимир Путин бо Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ суҳбати телефони намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни суҳбат Содир Ҷабборов ба Владимир Путин оид ба низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ва вазъи марз ҳисобот додааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста