Мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, ки се соат дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе пушти дарҳои баста баргузор гардид, ҷамъбаст шуд.
Раисикунандаи додгоҳ, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Беҳрӯз Шафо баъди анҷоми мурофиа бо рӯзноманигорон суҳбат накард, танҳо гуфт, "ман маълумот надорам".
Абдураҳмон Шарифов, вакили дифои Абдуллоҳ гуфт, додгоҳ дар доираи ҳамаи моддаҳо Абдуллоҳро пурсид ва ӯ ҳамаи айбҳои нисбаташ эълоншударо рад кард.
-Дар мурофиа бо иловаи ҳамсараш, се шоҳиди дигар - кормандони ШКД- и ноҳияи Шоҳмансур шоҳидӣ доданд. Мурофиаи ба рӯзи дигар гузошта шуд. Дар хусуси рӯзи дақиқи баргузории мурофиаи навбатӣ иловатан маълумот медиҳанд,-гуфт Абдураҳмон Шарифов.
Адвокат афзуд, “руҳияи Абдуллоҳ хуб буд ва аз чизе шикоят надошт”.
Ҳамсари Абдуллоҳ, ки дар мурофиа ширкат дошт, гуфт, “шоҳидии се корманди ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур хилофи якдигар буд ва ба якдигар мувофиқат намекард”.
Ӯ афзуд, “ба бегуноҳии шавҳараш бовар дорад ва мутамин аст, ки ӯ озод мешавад”.
Худи Абдуллоҳ такроран гуфтааст, ки ба корманди мақомот даст набардоштааст.
Хабарнигори “Asia-Plus”, ки дар назди боздоштгоҳ қарор дошт, гуфт ба мурофиа модари Абдуллоҳ, наздиконаш ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд.
Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони Абдуллоҳ ва журналистон ва ҳамин тавр, пушти дарҳои баста баргузор намудани мурофиа то ҳол маълум нест ва касе шарҳ надод.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.
Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомҳоро нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста