Дирӯз, 22-юми сентябр, як гурӯҳ тоҷикони муқими Олмон бо нишони эътироз ба ҳамлаи таҷовузгаронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, дар назди сафорати кишвари Қирғизистон дар Берлин гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Бомдод” иттилоъ медиҳад.
Тавре ин расона менависад, ки беш аз 20 нафар эътирозгарон бо худ аксҳои қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро оварда, аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ки “куштори кӯдакони тоҷикро бас кунад.
Гуфтан ба марид аст, ки ин аввалин эътирози тоҷикон дар хориҷ вобаста ба муноқишаи охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст. То ин лаҳза танҳо қирғизҳо дар чанде аз кишвари ҷаҳон гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар муноқишаи марзии рӯзҳои 14-17-уми сентябр миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тибқи, иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 41 нафар, бино ба ҳисоби расонаҳои кишвар 70 нафар сокини Тоҷикистон қурбон шуданд. Ҷониби Қирғизистон расман аз кушта шудани 59 нафар хабар медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста