Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард, ки ба хабарҳо дар робита ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Русия бовар накунанд ва танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд.
Ин ниҳод, бо нашри як изҳорот дар саҳифаи расмият дар Фейсбук навиштааст, "Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳамватанон даъват ба амал меорад, ки ба маълумоти бардурӯғ ва беасос вобаста ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Русия, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, дода нашаванд ва танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд".
Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пештар, сафорати Русия дар Душанбе ҳам бо нашри изҳорот аз хориҷиёни муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон даъват кард, ки ба ҳар гуна маълумоти паҳншуда ва нодуруст дар бораи сафарбарии ҷузъӣ ба сафи артиши ин кишвар бовар накунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста