Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Насрулло Кабиров ва Исмоил Нуралиев, ду довари бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистонро барои ба иштибоҳ роҳ додан дар бозии “Хуҷанд” ва “Файзканд” ҷазо додааст. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ФФТ, дар ҷаласаи кумитаи доварон хулоса бароварда шуд, ки доварони бозии даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Файзканд” (3:0) ба чанд иштибоҳ роҳ додаанд, ки он ба натиҷаи вохӯрии онҳо таъсир расонидааст.
“Бар асоси ин, доварон Насрулло Кабиров ва Исмоил Нуралиев аз доварии тамоми бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои ду давр маҳрум шуданд”, - омадааст дар хабар.
Илова бар ин, дар ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ шикояти бошгоҳи футболи “Истиқлол” дар мавриди доварӣ дар бозии даври шонздаҳум бо тими “Истаравшан” (1:1) баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки ба андешаи бошгоҳи шаҳри Душанбе довари марказӣ ду бор ҷаримаи ёздаҳметрӣ таъйин накардаанд.
Кумитаи доварони ФФТ пас аз баррасии маводи видеоии ин вохӯрӣ, тасмим гирифт, ки иддаои тими “Истиқлол” беасос аст ва довари марказӣ Абдулло Давлатов дар дақиқаҳои 11 ва 68-уми вохӯрӣ қарори дуруст бароварда, ба дарвозаи “Истаравшан” зарбаи ҷаримавии 11 метра таъйин накардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон масъалаи доварии бозиҳои футбол ҳамеша доғ аст ва мухлисони футболи кишвар пайваста даъво мекунанд, ки доварон ба таври ҳирфаӣ фаъолият намекунанд ва дар бисёр ҳолат тақдири бозиро маҳз хатогии онҳо ҳал мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста