Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 октябр ба Остона сафар карда, дар нишасти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок мекунад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти президенти кишвар ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Ба иттилои ВКХ Қазоқистон дар нишасти сарони МҲТБО 11 сарони давлат, як муовини президент (Ветнам), як муовини президент (Чин) ва панҷ вазир иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.