Дар Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 Котибот ташкил карда шуда, ҳамчунин, барои инъикоси он пойгоҳи махсус фаъол мешавад.
Дар ин бора Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик дар “Телеграм-канал”-аш навиштааст.
Ба навиштаи ӯ имрӯз, 12-уми октябр, таҳти сарпарастии Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе ҳаштумин Ҷаласаи ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид.
Ризоён афзуд, хабари муҳими ҷаласаи имрӯза, таъсиси Котиботи татбиқи Стратегия ва сомонаи махсус оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм (сомонаи иттилоотӣ-таҳлилӣ) мебошад.
Ба таъкиди вай, яке аз ҳадафҳои Котибот “ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ” ба татбиқи Стратегия аст.
“Амалигардонии ин Стратегия масъалаҳои арзёбии чолишҳо ва таҳдидҳои марбут ба ифротгароӣ ва терроризм бо дарназардошти вазъи кунунии Афғонистон, ҳамоҳангсозии талошҳои тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус ҷомеаи шаҳрвандиро муҳим мегардонад.
Зимни баррасии масъала пешниҳод шуд, ки дар доираи фаъолияти Котибот бо созмонҳои ҷамъиятӣ (онҳое, ки дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм кор мекунанд, мутаассифона шумораи онҳо чандон зиёд нест) вохӯрии алоҳида баргузор карда шавад”, - навиштааст Шералӣ Ризоён.
Номбурда дар заминаи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешниҳод кардааст, ки дар доираи Котибот мулоқотҳои алоҳида бо намояндагони ҷомеаҳои коршиносӣ ва журналистӣ оид ба инъикоси мушкилоти экстремизм ва терроризм баргузор карда шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, агар ин таклифҳо ба назар гирифта, амалӣ шаванд, мо дар ин самт таҷрибаи нодири миллӣ хоҳем дошт.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми июни соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро тасдиқ карда буд.
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста