Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоми имрӯз, 12-уми октябр ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар ва дар се чорабинӣ ширкат хоҳад кард, хабар доданд аз Хадамоти матбуотии президент ба «Азия-Плюс».
Гуфта мешавад, ки ин сафар то 14 октябр идома мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 октябр дар нишасти шашуми Шӯрои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ширкат хоҳад кард. Дар он ҳамчунин, 11 сарони давлат, як муовини президент (Ветнам), як муовини раис (Чин) ва панҷ вазир ширкат хоҳанд кард, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.
Ин нишаст таҳти раёсати Қосимҷомат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон баргузор мешавад.
МҲТБО як форуми байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳо мебошад, ки ба таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиё нигаронида шудааст.
Субҳи 14-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ширкат мекунад.
Сипас, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок хоҳад кард.
Дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои кишварҳо дар бахшҳои мухталиф баррасӣ мешавад.
Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбари Тоҷикистон бо ҳамтоёни дигарашро тасдиқ кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста