Сафири Русия дар Амрико Анатолий Антонов барои мулоқот бо Виктор Бут, як тоҷири шинохтаи силоҳ ба маҳбас рафт. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Анатолий Антонов ҳудуи якуним соат бо Виктор Бут суҳбат карда, “ҷонибдории ҳамватанонаш аз Русия” ба ӯ расонида шудааст.
«Ӯ гуфт, ки баъзе калимаҳои русиро каме фаромӯш кардааст, зеро касе набуд, ки бо онҳо бо русӣ сӯҳбат кунад. Мо ба ӯ рӯзномаҳо, маҷаллаҳо медиҳем, ҳамаи ин, мутаассифона, бо таъхири зиёд - тақрибан се-чор ҳафта дастрас мешавад”, - гуфтааст сафири Русия.
Анатолий Антонов гуфтааст, ки Виктор Бут ба ҳама рӯйдодҳое, ки дар ватанаш мегузарад, аз ҷараёни низоъ дар Украина то навгониҳои соҳаи санъат таваҷҷӯҳ дорад. «Ӯ одамест бо дили бузург ва дониши зиёд. Ҳатто дар ин ҷо ӯ омӯзиши забони хитоиро идома медиҳад. Ӯ аллакай 500 иероглифро омӯхтааст, забони форсиро медонад. Ман ҳоло забонҳоеро, ки ӯ медонад, номбар намекунам. Ин хеле рӯҳбаландкунанда аст”, - гуфтааст дипломат.
Мулоқоти сафир Антонов дар ҳоле сурат гирифт, ки қаблан вакили дифои Виктор Бут Стив Зиссу имкони табодули зерҳимояашро эътироф карда буд. Ба гуфтаи вай, ин танҳо пас аз интихоботи миёндаврии Конгресси ИМА имконпазир хоҳад шуд.
Ба гузориши РБК, ки бо истинод ба CNN иттилоъ медиҳад, маъмурияти президенти ИМА пешниҳод кардааст, ки Виктор Бутро бо Пол Уилан, ки моҳи июни соли 2020 дар Маскав ба ҷосусӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 16 соли зиндон маҳкум гардид ва Бритни Гринер, варзишгардухтари амрикоӣ, ки моҳи март дар вилояти Маскав бо иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир аз марз боздошт шуда буданд, иваз кунад.
Виктор Бут, ки аз ӯ чун “шоҳи тиҷорати яроқ” ном мебаранд, зодаи Тоҷикистон аст ва дар Амрико барои 25 сол маҳкум шудааст. Ӯ барои омодагӣ ба фурӯши силоҳ ба шӯришиёни Колумбия ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста