«Ин маълумоти нодуруст аст. Аз ҷониби роҳбарияти “IT Park” чунин пешниҳоде нашудааст», - гуфтанд ба “Азия-Плюс“ дар маркази матбуотии ин ширкат.
Ҳафтаи пеш Файзулло Сафаров, таҳиягари системаи “Dodaho.tj” ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки “IT Park”- и Ӯзбекистон бо харҷи 10 млн. доллари америкоӣ хостори харидории стартапи системаи ҷустори тоҷикии “Dodaho.tj” мушобеҳ ба Google ва ё Яндекс шудааст.
Номбурда гуфт, онҳо ба харидорони ӯзбек посухи рад доданд, зеро нафаре, ки худро менеджери “IT Park”- и Ӯзбекистон муаррифӣ кард, мехост баъди харидорӣ “Dodaho.tj” - ро ба “Dodaho.uz” тағйир диҳад ва ин хилофи манфиатҳои миллӣ аст.
Ӯ нафари мушаххасро аз “IT Park”- и Ӯзбекистон ном нагирифт ва танҳо гуфт, як нафар ба ӯ занг зада, худро яке аз менеҷерҳои ин ширкат муаррифӣ кард ва ба ӯ пешниҳод намуд, ки стартапашро бо чунин нарх фурӯшад.
Ҳамчунин, Сафаров розӣ нашуд, рақами телефони “менеджер”- и “IT Park”- и Ӯзбекистонро ба мо пешниҳод кунад ва гуфт, пешниҳодкунанда хостааст, ки номаш ифшо нашавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста