Имрӯз, 24-уми октябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ду коргоҳи истеҳсолии варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва микросементро ба истифода додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар медиҳад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, коргоҳҳои нави истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ (гаҷ картон), сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Нурсоз” дар шаҳри Норак дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат” - солҳои 2022-2026 бунёд гардидааст.
Гуфта мешавад, технологияи коргоҳ аз кишварҳои мутараққӣ ворид карда шуда ва аз ҷониби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардидаааст.
Ба иттилои масъулин, варақаҳои гаҷӣ дар марҳилаи аввал бо андозаи 1,20 ба 2,5 метр ва ғафсии 9,5 миллиметр истеҳсол мешаванд, ки асосан барои сақфи иншооти гуногун пешбинӣ гардидаанд.
Коргоҳи “Нурсоз” қодир аст, ки бо суфтакунӣ ва коркарди 1000 метри мукааб сангҳои табиӣ ва дар як сол 8 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти ороишӣ барои девору роҳрав ва гулгаштҳо омода кунад.
Таъкид мешавад, ки коргоҳи мазкур бо дарназардошти истифодаи ашёи табиӣ, ба саломатӣ безарар буда, ивазкунандаи воридот мебошад.
Бо таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ зиёда аз 100 нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла занону духтарони хонашини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак коргоҳи дигари истеҳсоли микросементро, ки дар назди ҶСП “Заводи таҷрибавии механикӣ” сохта шудааст, ба истифода додааст.
Ба иттилои хадамоти матбуоти президент, иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як рӯз 45 тонна ва дар як сол 160 ҳазор тонна микросементро ташкил медиҳад.
“Коргарон сокинони маҳаллӣ мебошанд, ки маоши онҳо аз 2000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 36 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид”, - менависад манбаъ.
Таъкид мешавад, коргоҳ дорои озмоишгоҳи махсус аст, ки дар он мутахассисон тариқи таҷҳизоти ҳозиразамон сифати маҳсулотро дақиқ муайян менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло бо як сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста