Дар се боғчаи шаҳри Роғун аз ҳисоби ҳақмузди кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тасарруф карда шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар муассисаҳои бачагонаи №1, №20 ва №21 шаҳри Роғун муайян гардидааст, ки аз ҳисоби фонди музди меҳнатӣ кормандон зиёда аз 2,5 млн сомонӣ тассаруф шудааст.
Гуфта мешавад, ин ҳолати тасарруфи маблағ дар асоси нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Оҷонсии зиддифасод барои солҳои 2021-2022 дар филиали “Амонатбонк” дар шаҳри Роғун ошкор гардидааст.
Оҷонсии зиддифасод менависад, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори ин ниҳод пешниҳод гардидаааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳолати мазкур ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста