Ин ниҳод афзудааст, 0,5 дарсади аҳолӣ низ ба камбизоатӣ рӯбарӯ мешаванд.
Дар натиҷаи ҷанги Русия ва Украина, эҳтимол аст 1,3 дарсади кӯдакони тоҷик ва 0,5 дарсади калонсолон бо камбизоатӣ рӯбарӯ шаванд.
Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар як гузориши вижаи худ таъсири ҷанги Русия ва Укроинро ба кӯдакони Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна таҳқиқ карда, натиҷаашро нашр кардаанд.
Таҳиякунандагони ин гузориш гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин ҷанг, эҳтимол беш аз 75 ҳазор нафар аз Тоҷикистон иловатан ба сафи камбизоатон ворид шаванд.
Онҳо афзудаанд, ки ҳамин тариқ, беш аз 50 ҳазор кӯдак иловатан ба камбизоатӣ рӯбарӯ шуда, фавти кӯдакони навзод 169 нафар зиёд мешавад.
“Эҳтимол аст, 4 ҳазору 844 кӯдак бо илова ба онҳое, ки ҳоло мактаб намераванд, аз сабаби камбизоатӣ ба таҳсил фаро гирифта намешаванд”,- омадааст дар гузориши ин созмон.
Онҳо гуфтаанд, то соли 2021 дар Тоҷикистон 4 млн 166 ҳазор кӯдаки то 17 сола зиндагӣ мекунанд, ки 41,9 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Кӯдакони то 1-сола бошад, 255 ҳазор нафар будаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста