Пули асосии дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд, ки 60 сол инҷониб таъмир нагардида буд, ҳафтаи равон тармим мешавад ва то охири ҳафта, 29-уми октябр, баста хоҳад монд. Дар ин бора Маъмур Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд, ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои таъмирии ин пули хиёбони Исмоили Сомонӣ, ки ду соҳили Сирдарёро ба ҳам мепайвандад, дирӯз, 25-уми октябр, оғоз шудааст ва охири ҳафта пас аз тармим ба истифода дода мешавад.
Гуфта мешавад, пули мазкур, ки дар байни сокинон бо номи “Пули нав” машҳур аст, 60 сол инҷониб мавриди истифода қарор дошта, таъмирталаб гардида буд ва масъалаи тармими он аз ҷониби рӯзноманигорон дар ҳама нишастҳои матбуотии Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, баррасӣ мегардид.
Маъмур Юсуфзод афзуд, ин пули мошингузар беш аз 250 метр дарозӣ ва 11,6 метр паҳноӣ дошта, давоми панҷ рӯз қубурҳои обгузар таҷдид ва худи пул мумфарш карда мешавад.

Ӯ гуфт, ки сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ва ронандагони мусофирбар то ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ дар ин пул метавонанд, ки аз роҳҳои ҳамшафат ва “Пули ҷашнӣ” ё тавре дар миёни мардум маъруф аст “Пули куҳна” истифода намоянд.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки ин пул аз кадом ҳисоб тармим мешавад ва Маъмур Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд низ, ҳозир нашуд сарчашмаи маблағ барои таъмири пулро ба мо шарҳ диҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста