Сарватмандони Русия, ки шомили рӯйхати таҳримҳои Амрико ва Ғарб шудаанд, мумкин аст, садҳо миллиард долларро ба хориҷ бурдаву дар офшорҳо пинҳон карда бошанд. Дар ин бора маҷаллаи The Wall Street Journal таҳқиқоте нашр кардааст.
Ин нашрия менависад, ки миёни онҳое, ки ба офшорҳо маблағ интиқол додаанд - Алишер Усмонов, сарватманди ӯзбектабори Русия, Сергей Чемезов, роҳбари "Ростех", Андрей Скоч, вакили Думаи давлатии Русия ва сухангӯи Крем Дмитрий Песков ҳам ҳастанд.
Рӯзноманигорон ошкор кардаанд, ширкати Bridgewaters, ки дар ҷазираи Мэн - наздикии Бритониё қарор дорад, ба сарватмандони Русия кӯмак кардааст, то дороӣ ва сармояашонро пинҳон кунанд ва ба ин тартиб, тарҳримҳои Ғарб ва ИМА-ро давр зананд.
Намояндаи Усмонов дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, сарватманд ҳаргиз талоши пинҳонсозии сарватҳояшро накарда ва бо Кремл низ рабте надорад.
Ёдовар мешавем, Алишер Усмонов - олигархи ӯзбектабори Русия зодаи вилояти Намангони Ӯзбекистон буда, мудом ба рӯйхати одамони сарватманди Русия шомил мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста