Директори кӯдакистони №134-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки чанде пештар Раҳим Саидзода, вазири мориф ва илми Тоҷикистон дар фаъолияти он камбудиҳоро ошкор карда, барои ислоҳи он муҳлат дода буд, барои бартараф накардани норасоиҳо аз вазифа озод шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати маориф ва илм хабар медиҳанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин, директори мактаби №42-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар фаъолияти он ҳам камбудиҳо ошкор шуда буд, барои дар муҳлати муайяншуда бартараф накардани он, аз вазифа озод ва ба маснаби дигар таъйин шудааст.
Маълум нест, ки ӯ мансаби пасттар гирифтааст ё баландтар.

Вазорат мегӯяд, барои санҷиши рафти иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, мовини вазир ба кӯдакистони №134 ва мактаби №42-и ноҳияи Фирдавсӣ рафта буд.
Аз ин ниҳод афзуданд, санҷиши дубора маълум кард, ки ҳанӯз ҳам дар кӯдакистони №42 баъзе камбудиҳо ҷой доранд.
“Аз ҷумла, ҳанӯз ҳам дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қутиҳои партов, иваз нагардидани шишаҳои шикастаи тирезаҳо, норасоии ҷойи нишаст ва дар як синф якҷо дарс гузаштани ду омӯзгор ба хонандагон аз ҷумлаи камбудиҳое буд, ки дар рафти боздиди муовини вазир аз муассиса ба мушоҳида расиданд”, - гуфтанд аз вазорат.
Ин ниҳод мегӯяд, бори дигар ба роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешанд.

Онҳо гуфтанд дар сурати иҷро накардани камбудиҳо нисбати директорон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия чораи зарурӣ андешида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми октябр Раҳим Саидзода зимни боздид аз кӯдакистони №134 ва мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ риоя нагардидани реҷаи корӣ, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарбиявиро ошкор ва ба директорону мудири маорифи ин ноҳия барои ислоҳи камбудиҳо як ҳафта муҳлат дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста