Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 27-уми октябр, дар шаҳри Остона, дар нахустин мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ кард.
Хадамоти матбуотии роҳбари давлат бо нашри чанд акс аз ин ҳамоиш хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш, чорабинии имрӯзаро боз як имкони хуби муҳокима ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар пасманзари тағйироти геополитикии ҷаҳонӣ донистааст, ки ба таҳкими рушди созандаи ҳамкории байниминтақавӣ нигаронида шудааст.

Ӯ аз қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати расондани кумак дар давраи пандемияи КОВИД-19 сипос гуфтааст.
“Таъкид гардид, ки Тоҷикистон кушишҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия, обу энергетика ва дигар масъалаҳоро, ки ба рушди устувори минбаъдаи кишварҳои мо нигаронида шудаанд, комилан дастгирӣ мекунад”,- навиштааст Хадамоти матбуотии президент.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин оид ба имкони таҳкиму тавсеаи робитаҳои кишварҳо дар чаҳорчуби “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиётию логистикӣ, энергетика, ҳамкорӣ дар самти “нерӯи сабз”, ҷумла тавассути истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, андешаронӣ кардааст.
“Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, афзоиши обхезӣ ва омадани сел, хушксолӣ ва таъсири манфии ин падидаҳо ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд, аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки вобаста ба ҳалли онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои асоснок манзур намуданд”, - омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ин нишаст бо президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карда, маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ кард.
“Дар рафти мулоқот таҳкими шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” дар Тоҷикистон ба манфиати ҳар ду ҷониб маънидод гардид”,- навишт Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Ҳамчунин, ҷонибҳо қазияи Афғонистон ва ҳамкориҳоро дар самти ҳифзи сарҳад дар чаҳорчӯби татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки дар масоили Афғонистон Тоҷикистонро шарики муҳими худ ҳисобида, минбаъд низ дар ҳалли қазияи ин кишвари ҳамсоя, бахусус, мустаҳкам намудани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамкориҳои муфидро роҳандозӣ хоҳад намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста