Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани бемориҳои вазнини менингит, сепсис ва пневмония миёни кӯдакони хурдсол тасмим гирифтааст, ки дар ҷумҳурӣ маъракаи иммунизатсияи кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкиро оғоз намояд.
Тавре сомонаи иттилоотии вазорат иттилоъ медиҳад, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар синни 2, 4 ва 12 моҳагӣ бояд қабул кунанд.
“Ваксинаи интихобшуда кӯдаконро аз 10–намуд серотипҳои паҳншудатарини сирояти пневмококкӣ муҳофизат мекунад. Ваксинаи мазкур дорои сертификати сифатнокии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошад”, - гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Маъракаи иммунизатсия аз имрӯз, 1-уми ноябр, оғоз гардида, волидон метавонанд кӯдакони 2-моҳаи хешро ба муассисаҳои тиббии ҷои зисти худ бурда, онҳоро бо вояи якуми ваксинаи зидди сирояти пневмококкӣ фаро гиранд.
Мувофиқи Тақвими миллии иммунизатсия, кӯдакон ваксинаи зидди сирояти пневмококкиро (ВПК) дар 2, 4 ва 12 - моҳагӣ қабул мекунанд. Гуфта мешавад, ки аз 1-уми ноябр кӯдаконе эм карда мешаванд, ки то ин сана ба 2-моҳагӣ расида бошанд. Маҳз ин кӯдакон бо навбат пас аз гирифтани вояи якум вояҳои дуюм ва сеюми ваксинаро бояд аз рӯи муҳлати дар Тақвими миллии иммунизатсия муайяншуда гузаранд. Яъне, барои пурра таъмин намудани масунияти қавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ ҳар кӯдак бояд се вояи ваксинаи мазкурро қабул кунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста