Гуланор Атобек бо мувофиқаи Шӯрои нозирон раҳбари нави “Алиф-Бонк” таъйин шуд ва хизматрасониҳои нави ин бонк дар муҳлатҳои наздик дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон пешкаш мешавад. Дар ин бора Абдулло Қурбонов, ҳаммуассиси “Алиф-бонк”, дар саҳифаи Фейсбукаш хабар дод.
Абдулло Қурбонов гуфтааст, акнун мо барои пурра супоридани ваколатҳои раёсати “Алиф Бонк” омодаем ва бо мувофиқа бо Шӯрои нозирон, Гуланор Атобекро ба вазифаи раиси “Алиф Бонк” таъйин намуда истодаем.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба вогузор кардани роҳбарии “Алиф-Бонк” ба Гуланор Атобек ҳанӯз дар аввали сол хулоса карда шудааст. Ҳоло ҳамроҳ бо ӯ Далер Каримов ва Диловар Амонов низ ин бонкро раҳбарӣ мекунанд.
Абдулло Қурбонов афзудааст, аз аввали сол бо омӯзиши технологияи блокчейн машғул буд ва бо тими хурде аз “Алиф-Бонк” лоиҳаеро дар ин самт шурӯъ кардаанд.

Ӯ менависад, ки вобаста ба талаботи регулятивӣ, ин ширкати наве дар дохили Ҳолдинги Алиф, вале берун аз “Алиф Бонк” хоҳад буд.
“Дар муҳлатҳои наздик хизматрасониҳои навамонро барои мизоҷон дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон пешкаш хоҳем кард ва умедворем, он низ яке аз дастовардҳои дастаи тоҷикистонӣ дар арсаи байналмилалӣ хоҳад гашт”, - гуфтааст ҳаммуассиси “Алиф-Бонк”.
Ёдовар мешавем, ки “Алиф-Бонк” яке аз бонкҳои пештози тиҷоратӣ дар Тоҷикистон аст. Ин бонк дар заминаи ташкилоти хурди қарзиву амонатии “Алиф - Капитал” таъсис шуд ва аз соли 2014 фаъол аст. Бастаҳои комили саҳмияҳои “Алиф-Бонк” ба ҶС “Alif Capital Holdings limited” марбут мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста