Имрӯз, 8-уми ноябри 2022 ҳодисаи табии Гирифти Моҳ (Хусуф, Моҳгирифтагӣ) рух медиҳад. Моҳи хунин ҳолатест, ки Замин дар байни Офтобу Моҳ қарор мегирад ва сояи Замин ба сатҳи Моҳ афтода, ранги онро сурхчатоб мегардонад.
Дар ин бора, Ризо Баҳромзод, донишманди риштаи физика дар саҳифаи Facebook худ иттилоъ додааст.
Ин донишманди тоҷик навиштааст, ки дар Душанбе гирифти пурра (максимуми он дар 15:59 ба вақти Душанбе) мушоҳида намешавад, зеро тулӯи Моҳ ба вақти Душанбе соати 17:14 ба амал меояд. Дар Тоҷикистон соати 17:27 ҳолати аз ҳама зиёд зери соя қарор гирифтани Моҳро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар ин ҳол 33,8%-и сатҳи Моҳро соя мепӯшад. Ин ҳодиса то соати 18:56 давом мекунад.

“Гирифти Моҳ метавонад дар як сол аз 2 то 4 маротиба ба амал ояд. Дар соли 2022 ин ҳодисаи дуюми гирифт аст. Қаблан ҳодисаи мазкур 16-уми майи соли равон рух дода буд. Гирифти навбатии Моҳ 5-уми майи соли 2023 ба амал хоҳад омад”, - навиштааст Ризо Баҳромзод.
Ӯ гуфт, ки агар вазъи ҳаво хуб бошаду Моҳ намоён гардад, сокинони Тоҷикистон метавонанд ин ҳодисаро мушоҳида кунанд, аммо агар ҳаво номусоид бошад, дидани Моҳи хунин ғайриимкон аст.
“Дар ҳавои ғайримусоид дидани Моҳи хунин дар расадхонаҳо низ ғайриимкон аст”, - гуфт Ризо Баҳромзод.
Ба таъкиди ин донишманди тоҷик ҳодисаи Гирифти Моҳ як раванди табиӣ буда, ба саломатии инсонҳо ҳеҷ таъсире намерасонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста