Ҳела Шайхруҳӣ, ноиби мудири кулли минтақавӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон ва Покистон, дар доираи фаъолияти IFC оид ба тақвият бахшидани кӯшишҳои кишвар баҳри ноил шудан ба рушди устувор ва фарогири иқтисодӣ, тавассути афзоиши сармоягузории бахши хусусӣ вориди Тоҷикистон шуд ва дар назар аст, то 9-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақомоти баландпояи ҳукумат, шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати тавсеаи фаъолияти IFC дар Тоҷикистон ва ҷалби сармояи иловагӣ ба бахшҳои асосии иқтисод гуфтугӯҳо анҷом медиҳад.
Вохӯриҳо қисме аз талошҳои IFC барои дастгирии рушди бахши хусусӣ ва кӯмак ба тиҷорат дар ҳалли мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла таъсири пандемияи COVID-19 ва ҷанг дар Украина мебошанд.
"IFC мекӯшад, барномаи ислоҳоти стратегии Ҳукумати Тоҷикистонро барои бунёди иқтисоди бозорӣ, ки ба рушди содирот нигаронида шудаст дастгирӣ намояд ва дар эҷоди ҷойҳои корию ноил шудан ба пешрафти устувори дарозмуддат саҳм дошта бошад", – кайд намуд Шайхруҳӣ.
Ёдовар мешавем, ки IFC, узви Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, бузургтарин созмони байналмилалии рушд буда, ба бахши хусусии кишварҳои дорои бозорҳои рӯ ба рушд таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Ин созмон бо истифода аз сармоя, дониш ва таҷрибаи амалӣ дар зиёда аз 100 кишвари дунё лоиҳаҳоро амалӣ карда, барои фароҳам овардани бозорҳо ва имкониятҳои нав барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ заминагузорӣ менамояд.
Дар соли молиявии 2022 IFC барои ширкатҳои хусусӣ ва муассисаҳои молиявии кишварҳои рӯ ба тараққӣ маблағи рекордии 32,8 миллиард доллар ҷудо намудааст, то тавоноии бахши хусусӣ барои хотима додан ба камбизоатии шадидро беҳтар сохта, баҳри бартараф кардани оқибатҳои бӯҳрони бисёрҷанбаи ҷаҳонӣ ва мусоидат дар рушди муштарак, саҳм дошта бошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста