Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон зимни як мулоқоти хеш бо омӯзгорони ноҳия, ки ҳафтаи гузашта ҷараён гирифт, дар ҳузури Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар гуфтааст, ба 30 нафар омӯзгорони ҷавону фаъоли ноҳия замини наздиҳавлигӣ ҷудо хоҳад кард.
Тавре маркази матбуоти раёсати маорифи вилояти Хатлон аз қавли Икромиддин Вализода менависад, “чунин тасмим дар асоси супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани имтиёз барои омӯзгорони ҷавон” гирифта шудааст.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар аз ин тасмими раиси ноҳияи Кӯшониён истиқбол карда, зикр кардааст, ки “ҷудо кардани қитъаи замин барои омӯзгорони фаъол баҳри ҳавасмандгардонии кадрҳои тахассуманд метавонад қадами аввали намунавӣ барои дигар раисони шаҳру навоҳии кишвар бошад”.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин иқдом дар самти ҷудо кардани қитъаи замин барои омӯзгорони ҷавон набуда, қаблан Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ низ гуфта буд барои 30 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаи замин ҷудо мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста