Имрӯз, 10-уми ноябр, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе, аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба давлат ва мардуми Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд, хабар медиҳад ВКХ ҶТ.
Сироҷиддин Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон рӯзҳои 8-9-уми боз шуда буд, дарҷ кардааст.
“Зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғ, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд”,-афзудааст манбаъ.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамла ба ибодатгоҳи Шоҳчароғи шаҳри Шероз, яке аз панҷ масҷиди калони пайравони мазҳаби шиа дар Эрон, 26-уми октябр рӯй дод ва гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ* масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.
Эрон дар аввал гуфт, зимни ин ҳамла 15 нафар кушта шуд, аммо баъд аз санҷиши дубора шумори қурбониёнро 13 нафар номбар кард.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузори “Тасним”, бо нашри як гузориш ҳуввияти Субҳон Комронӣ бо номи мустаори «Абуоиша», ки ба иттилои ин хабаргузорӣ омили аслии ҳамлаи террористӣ ба ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳр Шероз аст, ошкор кардаст. Ин хабаргузорӣ Субҳон Комрониро як узви ДОИШ гуфтааст.
Дар тасвири шиносномаи хориҷӣ, ки хабаргузории “Тасним” нашр кард, дида мешавад, ки он ба Субҳон Комронӣ таалуқ дорад ва он шиносномаи тоҷикӣ аст ва онро 8-уми сентябри соли 2017 ШВКД дар шаҳри Ҳисор додааст.
Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои рӯшанӣ андохтан ба қазияи ширкати Субҳон Комронӣ ном шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, моҳи гузашта дар як ибодатгоҳи шиаёни Эрон 13 касро кушт, ба мақомоти расмии Эрон мактуб ирсол кардааст.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дар робита ба даст доштани шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамала ба иботадгоҳи Шоҳчароғи Шероз аз ҷониби мақомоти Эрон мактуби расмӣ дастрас накардаанд.
“Баъди пахши хабарҳо дар бораи он ки гӯё яке аз гумонбарони ҳамла шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Субҳон Комронӣ аст, Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ба мақомоти ин кишвар барои рӯшани андохтан ба масъала мактуби расмӣ ирсол намуд ва ҳоло интизори посух аст”, - гуфтанд аз ин ниҳод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста