Филми ҳунарии «Дов» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон (International Film Festival of India), ки аз 20-ум то 28-уми ноябр дар шаҳри Гоа доир мегардад, намоиш дода мешавад. Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм хабар медиҳад.
Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” шоми 28-уми октябр дар кинотеатри “Ватан” баргузор шуд. Коргардонии филмро Муҳиддини Музаффар ба уҳда дошта, аз ҷониби “Суғдсинамо” ва “Тоҷикфилм” наворбардорӣ шудааст.
Филм дар бораи ду рафиқ Қаҳҳор (Абдумамин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале Қаҳҳор аз сактаи қалб вафот мекунад.
Намоиши филми “Дов” вокунишҳоро дар пай дошт. Ҳарчанд он филм 1-уми ноябр то 1-уми декабр дар кинотеатри Ватан ба намоиш гузошта шудааст, вале коргардони филм аз набудани тамошобин ва бетарафии аҳли зиё ба синамои миллӣ нигаронӣ кард. Баъди ин нафарони зиёде, аз ҷумла хабарнигори “Азия-Плюс” бардошти худро аз ин филм навишт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста