Шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 дарсад иҷро кардааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе иттилоъ доданд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, онҳо ҳанӯз рӯзи 10-уми ноябри соли равон нақшаи даъватро пеш аз муҳлат иҷро карданд.
Ин дар ҳолест, ки дирӯз, 14-уми ноябр, аз Вазорати дифои Тоҷикистон гуфта буданд, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 97 дарсад иҷро шудааст.
Имрӯз, 15-уми ноябр Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифоъ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” иҷрои нақшаи давъати ҳарбиро дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард ва гуфт, онҳо нақшаро аз рӯи пуррагардонӣ, яъне ворид шудани даъватшаванда ба Комиссариати ҳарбӣ ба инобат мегаранд ва ҳукумати шаҳру ноҳияҳо, ки масъули даъват ҳастанд, аз рӯи ҳисботи комиссияи давъатӣ маълумот медиҳанд.

Акнун, шаҳри Душанбе дуввумин минтақае дар кишвар аст, ки нақшаи давъатро пеш аз муҳлат сад дарсад иҷро кард. ВМКБ дар рӯзи аввали давъат нақшаро иҷро карда буд.
Фариддун Маҳмадализода афзуд, то ҳол дар робита ба даъвати ғайриқонунӣ ба артиш, аз ҷумла сарбозшикор ё “облава” шикоят нагирифтаанд ва танҳо муроҷиатҳо ворид шудааст, ки онҳо бештар ба шеваи даъват ба артиш рабт доранд.
Номбурда гуфт, ки сабаби асосии муроҷиатҳо ноогоҳии аҳолӣ аз қонун дар бораи даъват ба артиш аст.
“Асалан, дар робита ба шеваи давъат аҳолӣ ба ҳукумати шаҳру навоҳиҳо, ки масъули асосии давъат ҳастанд, муроҷиат мекунанд. Агар дар ҳукумати шаҳру навоҳӣ ба муроҷиати мардум расидагӣ накунанд, сокинон ба Вазорати мудофиа шикоят мекунанд ва мо ҳатман онро баррасӣ мекунем. Мо таҳлил гузаронида, баъди анҷоми маъракаи даъват хабар хоҳем, ки дод, ки дар кадом самт чӣ қадар муроҷиат гирифтем ва ба кадомаш расидагӣ шуд”, - гуфт Маҳмадалиев.
Дирӯз аз ин ниҳод хабар доданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 84% иҷро шудааст.
Зикр шуд, ки то имрӯз тақрибан 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.
Вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 72 фоиз, вилояти Хатлон - 81 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 94 дарсад иҷро кардаанд.
Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии бармаҳал иҷро шудани нақша мебошад.
Ҳамасола, бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳар сол аз набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста